HD Academy (hd_academy_) instagram photos and videos

HD Academy
HD Academy

Человек должен верить, что непонятное можно понять. И. Гёте Знание порождает силу. Умом человек на все способен. Заходи и узнай что-то новое YouTube⤵️

HD Academy all instagram publications

  • followers count: 244
  • followers rank: 0
  • likes count: 1,848
  • like rank: 0

Most popular images

Wise words from @thelesbrown 💯👏🏽

Hype medias

Наворро аз сахифаи мо Ютуб (HD Academy Tj) пайдо карда метавонед! #hdacademytj #education #Rankings

Ин навор дар бораи тамоми бахсхои Ворух маълумоти комил медихад! Наворро аз сахифаи Мо дар Ютуб (HD Academy Tj) пайдо карда метавонед! #hdacademytj #voruh #tajikistan #tajikistan🇹🇯 #education

Обуна шавед! Подписывайтесь! Subscribe!

Subscribe for more! Подписывайтесь! Обуна шавед!

Subscribe for more!

Бе бахона! Бехтарин навори мотиватсионни! subscribe for more in our Youtube channel!

Аз наворхои мо метавонед тавассути HD Academy Tj dar Youtube бархурдор бошед!

Барои дарёфти маълумотхои бештар ба сахифаи мо дар ютуб HD Academy Tj ворид шавед! Моро бо лайкхои худ дастгири кунед!

Барои дарёфти маълумотхои бештар ба сахифаи мо дар ютуб HD Academy Tj ворид шавед!

Барои химоят аз мо лайк ва обуна шуданро фаромуш насозед!

«Принсипи Демократияи ҳақиқӣ маънои онро дорад, ки ҳеҷ кас наметавонад аз МАРДУМ дида зиёдтар қудрат дошта бошад!» ⒸLord Acton #hdacademytj #motivation #quotes #educated #education #motivasyon

Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай. Дар таъсис ёфтани Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд- СҲШ) пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз 26-уми апрели соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, таҳкурсии асосӣ гузоштааст. 15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид. СҲШ - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда ба ҳисоб меравад. #educated #education #motivation #motivasyon #successquotes #quotesaboutlife #quotes #shanghai #shanghay #hdacademytj #tajikistan #politics #geopolitics

Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF), раддабандии кишварҳоеро, ки дорои иқтисоди бузург ҳастанд дар Дунё, бо нашри як маълумотнома баён намудааст. Ин раддабандӣ аз рӯи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии (ММД) давлатҳо тартиб дода шудааст. Ва инак 20 давлати дорои иқтисоди бузург дар Дунё: 1.Амрико-19,3 триллион $ доллар, 2.Чин-12 триллион $ доллар, 3.Ҷопон-4,8 триллион $ доллар, 4.Олмон-3,6 триллион $ доллар, 5.Бритониёи Кабир-2,6 триллион $ доллар, 6.Ҳиндӯстан-2,6 триллион $ доллар, 7.Фаронса-2,5 триллион $ доллар, 8.Бразилия-2,05 триллион $ доллар, 9.Итолиё-1,9 триллион $ доллар, 10.Канада-1,6 триллион $ доллар, 11.Кореяи Ҷанубӣ-1,5 триллион $ доллар, 12.Россия-1,5 триллион $ доллар, 13.Австралия-1,3 триллион $ доллар, 14.Испания-1,3 триллион $ доллар, 15.Мексика-1,1 триллион $ доллар, 16.Индонезия-1 триллион $ доллар, 17.Туркия-849 миллиард $ доллар, 18.Ҳолланд-825 миллиард $ доллар, 19.А. Саъудӣ-683 миллиард $ доллар, 20.Швейцария-678 миллиард $ доллар. Ё довар мешавем, ки қариб 25 %-и иқтисоди Дунё-ро Амрико дар даст дорад. Манбаъ: IMF (Международный валютный фонд). #economics #economy #hdacademytj #world #educated #education

NATO vs СҲШ Шумо кадомашро интихоб мекардед? Ҷамъ шудани давлатҳо зери як созмони сиёсӣ, яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати реалӣ ба шумор меравад. Маҳз барои ҳамин дар қарни гузашта чандин созмону ташкилотҳои сиёсию иқтисодӣ таъсис дода шуда буд, ки ҳатто сабаби Ҷанги Сард низ шуда буданд. Яке аз мисолони машҳур дар ин хусус ҳамин созмони сиёсии НАТО (NATO-1949) ба ҳисоб меравад. Дар он давра муқобили НАТО «Шартномаи Варшава»(14-уми майи соли 1955) бо сарварии Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард, ки дар натоиҷ сиёсати ду қутбаро ба вуҷуд оварда буд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ аланан Амрико худро "Қувваи Ягона" ва мутлақи Ҷаҳон меҳисобид. Барои коҳиш додани сиёсати Амрико, дар минтақаҳои зери нуфӯзи Россия ва Чин ва инчунин мубориза бар тероризми байналмилалӣ "Панҷгонаи Шанхай" 26-уми апрели соли 1996 таъсис дода шуд, ки Тоҷикистон низ яке аз муассисони ин созмони бонуфуғӯз аст. Россия ва Чин дар талоши ҳарчи зудтар таъмини нуфӯзи собиқи худ, руй ба ин созмони навтаъсис оварда буданд. Ин буд ки 15-уми инюни соли 2001 дар Шанхай бо ворид шудани Ӯзбекистон номи созмон ба Созмони Ҳамкории Шанхай иваз карда шуд. Дар солҳои баъдӣ, Ҳиндӯстон ва Покистон низ вориди ин созмон шуданд, ки аз 8 аъзои созмон 4-тои он дорои Бомбаи Атомӣ ба ҳисоб мераванд. Рушди бо суръати СҲШ барои НАТО ва махсусан барои Амрико ба манфиати кор нест ва нахоҳад буд. Ҳаводиси охири миёни Амрико-Туркия ва Россия каме ҳам бошад сиёсати навтаринро шадиттар намуд. Амрико мухолифи гирифтани Туркия аз силоҳҳои S 400- Россия мебошад ва Туркия-ро ҷалб ба барномаи F-35 намуданист, ки соли 2017 маҳз бо хоҳиши Амрико, Туркия аз ин барнома берун карда шуд. Ва инак Туркия дар гирифтани S 400-ҳо аз Россия ҷиддӣ рафтор карда истодааст, ки ин рӯз ба рӯз ғазаби Амрико-ро баланд бурда истодааст ва Амрико, Туркия-ро таҳдид ба таҳримҳои иқтисодию сиёсӣ карда истодааст (Агар ба шарте, ки Туркия аз ақидааш нагардад! Чун Туркия дар моҳи июл аз Россия мехоҳад аввалин S 400-ҳояшро таслим бигирад). Аз ҳама муҳим ин аст, ки Туркия дар замонҳои охир бо сиёсати активи худ зери назари чаҳониён, ба хусус Шарқи Наздик гаштааст ва худро ҳамчун актори минтақаи Шарқи Наздик дар масъалаҳои Сурия ва Фаластин медонад. #hdacademytj

Реализм ва Муносибатҳои Байналмилалӣ! Решаҳои Реализми фалсафию сиёсӣ то Юнони Қадим ва ҳатто то ба Сун Тзу рафта мерасад. Вале теория ё назарияи Реализм дар Муносибатҳои Байналмилалӣ баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардид. Намояндагони сиёсии ин назария Thucydides, Niccolo Machiavelli, Thomas Hobbes ба шумор мераванд. Ин назария дар асоси номуваффақ шудани назарияи Идеализм, ки баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ бо пешниҳоди 14 принсипи президенти 28-уми Амрико Woodrow Wilson (Томас Вудро Вильсон) ба амал даромада буд ва натавонист сулҳи доимиро дар Ҷаҳон пойдор бидорад, пайдо шуд. Ин назария ҳамчун ҷавоби интиқодӣ бар Идеализм низ ба ҳисоб меравад. Реалистон, Идеалистон-ро дар хаёлӣ буданашон ва дар ҳақиқат чӣ шуданашро надонистан ва дар фаҳмиши дунёи воқеъӣ камбуд доштанашонро интиқод мекарданд. Яке аз асосгузорони Реализми муосир дар "МБ" ин Hans Morgenthau ба шумор меравад. Morgenthau тарафдори он буд, ки «Дар сиёсати байналмилалӣ "Қувва" барои манфиатҳои миллӣ дар асоси қонунҳои объективӣ ва умумӣ истифода бурда шавад». Ба ақидаи Ӯ, "Сиёсати байналмилалӣ ин як муборизаи қувваҳост!'' Morgenthau принсипҳои Реализм-ро ба 6 қисм ҷудо менамояд: 1. Сиёсати Байналмилалӣ дар асоси шартҳои объективӣ ва умумӣ амалӣ мешавад ва асоси ин шартҳоро табиати инсонӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи Реалистон "Табиати Инсонӣ" ба монанди ақидаи Идеалистону Либералистон хуб набуда, балки бад (шарр) аст ва табиати инсониро аз лаҳзаи таваллуд то охири умр бухлварзанда ва барои манфиатҳои худ талош мекардагӣ меҳисобанд. 2. "Манфиатҳои Миллӣ" бояд аз нуқтаи назари "Қувва" таъриф дода шавад (шинохта шавад). 3. Аз назари "Қувва", манфиатҳо доимиянд ва тағйир намеёбанд. Аммо дар асоси муҳтавои манфиатҳо ва сиёсатҳое, ки амалӣ мешаванд, метавонанд дар вақт ва муҳити фарҳангӣ тагийр биёбанд. 4. Арзишҳои ахлоқӣ дар сиёсати байналмилалӣ таъсире надоранд. 5. Сиёсати байналмилалӣ, иқтисодиёт ва ҳуқуқ соҳаҳои алоҳидаи мустаъқиланд. Асос, неру ва қувваи низомии давлат ва манфиатҳо мебошанд. 6. Яке аз акторҳое (фаъолони) аслие, ки сиёсати байналмилалиро ба шакл медароранд, "Давлатҳои Миллӣ" мебошанд. #politics #internationalrelations #hdacademytj #economics #educated #eğitim #educated